«ЧАКАН – МЕРОСИ РАНГИНИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар ҳошияи маъракаи «Биёед, тоҷикона мепӯшем!»

Март 11, 2022 15:05

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон маъракаи «Биёед, тоҷикона мепӯшем!» ҷараён дошта, дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ то 1 апрел идома меёбад. Ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур тарғиби либоси миллист, зеро вақте сухан аз сару либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо либоси хоссаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.

Муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова вобаста ба либоси миллии чакан андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

— Истиқлоли давлатӣ ба соҳаи фарҳанги Тоҷикистон таъсири амиқ гузошта, ба шинохти мардуми тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои миллии аҷдодӣ, адабиёту санъат ва фарҳанги бою ғании халқи тоҷик дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гардиданд, ки имрӯз бисёре аз ҳунарҳои мардумии тоҷик бо диди муосир ва табъу завқи замонавӣ рушду равнақ ёфта, мақбули дилҳои сайёҳони хориҷӣ гардида истодаанд.

Дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони равобити фарҳангиро васеъ намуда, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд.

Анъанаҳои фарҳанги миллии тоҷикон хеле зиёду гуногунҷабҳа мебошанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо хусусияту мазмуни махсуси худ, таърихи офариниш ва рушду равнақи худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Яке аз намудҳои волои ҳунарҳои мардумии аҷдодии тоҷикон, ки ба санъати бадеӣ – амалӣ маҳсуб дониста мешавад, ин кашидадӯзӣ ва ё гулдӯзии чакан мебошад.

Чакан таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Чакан бо сифатҳои маҳину зебову дилрабо ва арзиши ҳазорсолаву куҳанаш диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун мероси ғайримоддии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф гардид. Яъне, моҳи ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13 –уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, номинаи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 800 нафар намоянда аз 120 давлати дунё иштирок доштанд, ки аксарияти онҳо номинаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дар шароити Истиқлоли давлатӣ ин падида ҳамчун дастоварди бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофари дорои таърихи куҳан ва фарҳангу адабиёти бою ғанӣ пазироӣ намуданд.

Олимону бостоншиносон дар гулдӯзиҳо беш аз 700 намуди нақшу нигорро муайян намудаанд, ки онҳоро ҳамчун нақшҳои ороишӣ ба се гурӯҳ – ислимӣ, ҳандасӣ ва хаёлӣ ҷудо кардаанд. Ғайр аз ин, пажӯҳишгарон услуби нақшҳои гулдӯзиро, пеш аз ҳама, ба муҳити зист вобаста дониста, онро ба ду намуди асосӣ – гулдӯзии кӯҳистонӣ ва водигӣ тақсим намудаанд.

Чакан ё кашидадӯзиҳои кӯҳистонӣ бештар мазмуни бадеӣ доранд. Дар кӯҳистон пироҳани чакан хеле васеъ ва доманкушод омода карда мешавад, ки аз китф то домани пироҳан ва то домани остин пур аз нақшҳои ислимӣ, яъне нақшҳои гулу растаниву набототи гуногунранг, ба монанди аштақ, косагул, барг, баргак, себарга, зулфи печон, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак, гули олуча, гули ошиқи печон, гули калон, гули лола, гули садбарг, гули сагак, гули садпар, гули себ, гули сиёҳгуш, гули райҳон, гули хайр ва боз нақшҳои гуногуни дигар бо ҳам омезиш ёфта, сабк шудаанд.

Хусусияти фарқкунандаи пироҳани чакани водигӣ аз кӯҳистонӣ дар он аст, ки он нисбатан фарохтар аст ва дар он нақшҳои ислимӣ камтар сабк шуда, бештар нақшҳои ҳандасӣ истифода шудаанд. Сабки нуқтачаҳову доирачаҳои гуногун дар як, ду ва ё се қатор мисли ҳамел – услуби чакани ҳандасӣ мебошад.

Зикр намудан зарур аст, ки аввалин намунаи таърихии чакани аҷдодиро, ки ба асри III-и мелодӣ мутобиқ аст, бостоншиносону муҳаққиқон дар ҳудуди деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор дастрас намудаанд. Дар он кашфиёти таърихӣ расми Дарахти ҳаёт бо услуби классикӣ гулдӯзӣ карда шудааст. Яъне, ин кашфиёт онро муайян сохт, ки фарҳанги чакандӯзӣ сарчашмаи худро аз водии Кӯлоб оғоз намудааст.

Дар замони қадим пироҳанҳои чакан танҳо дастраси мардуми сарватманду дороён, ашхоси машҳур ва дарбориён буданд. Баъдан, бо гузашти вақт чакан, инчунин дастраси мардуми оддии тоҷик низ гардид. Бинобар ин, чакан то ба имрӯз ҳамчун рамзи шукӯҳу сарват, саховат ва дороӣ маҳсуб дониста мешавад.


Бояд гуфт, ки чакан ва ё кашидадӯзӣ ҳунари меросии занону бонувони тоҷик мебошад, ки аз гузаштагон аз насл ба насл боқӣ мондааст. Чакан ва маҳсулоти чаканӣ бештар дар тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ва иду маросими миллӣ истифода бурда мешаванд. Модарону бибиҳо ин навъи ҳунарро, ки дар пироҳану ҷомаву тоқиву рӯймолу сӯзаниҳо бо орзуву омоли нек сабк намудаанд, барои фарзандону наберагони худ дар рӯзи тӯйи арӯсию домодӣ туҳфа менамоянд, то дуову орзуи онҳо дар раванди зиндагии навхонадорон мустаҷоб гардад ва онҳоро аз ҳар хатар эмин нигоҳ дорад.

Хулоса, бо ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати чакандӯзӣ бо тамоми назокаташ бори дигар эҳё гардида, дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намудааст. Дар чакан дунёи рангини зебоиҳои ҷаҳон тавассути рангбозии риштаву сӯзан бо нақшу нигори нодири миллии тоҷикӣ ба ҳам омада, бинандаро мафтун мегардонад. Айни замон чакан марзҳои Тоҷикистонро убур карда, бештар диққати хориҷиёнро ҷалб мекунад. Таърихи тоҷикон бо саҳифаҳои рангини худ хазинаи тиллоии ҷаҳонро боз ҳам рангинтар намудааст. Ин аст, ки тоҷикон аз қадим анъанаву суннатҳои аҷдодиро дар замири худ мепарваранд ва имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон симои худро чун таблиғгари арзишҳои башардӯстона маъруф гардондааст.

 

АКСҲО аз муаллиф/АМИТ «Ховар»

Март 11, 2022 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад