Даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» баргузор мегардад

Октябрь 18, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 25 октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев  даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» баргузор мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар даври ҷамъбастӣ ҳунармандони 12 шаҳру ноҳияи мамлакат- ғолибони даврҳои дигар иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар ва баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.

Фестивал-озмун дар се давр доир шуда, даври якум аз 10 июн то 25 июл дар сатҳи маҳал баргузор гардид. Даври дуюм аз 1 август то 20 сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд.

Дар фестивал-озмун суруду оҳангҳое пешниҳод мегарданд, ки  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро инъикос менамоянд. Муҳтавои онро тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, расму ойин, истиқлолу озодӣ, дӯстию ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон, анъанаю ҳунарҳои бадеии халқӣ ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ фаро мегиранд.

28 октябри соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизиони эҷодиёти халқ «Андалеб-2025»  ва консерт доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид