Дар Бонки миллӣ вазъи феълии молиявии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи феълии молиявии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти раёсати директори идорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, роҳбари Намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Рика Ишии ва директори минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҳамкории пурсамар ва дастгирии доимии БАТР дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши низоми бонкӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди кумакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, гуфт, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории судманд давоми чанд соли охир аз ҷониби БАТР ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 800 миллион евро сармоягузорӣ карда шуд.
Дар идома Ҳоким Холиқзода саҳми БАТР-ро дар таҳкими низоми бонкии кишвар, аз ҷумла тақвияти идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон бо истифода аз имконияти бартаридоштаи ин институти молиявии бонуфуз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз директори идории БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон бо бонкҳои Аврупо ва давлатҳои минтақаи Шарқ даъват ба амал овард.


Директори идории БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай аз ҳамкории пурсамари ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба вазъи молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкии Тоҷикистон дар давраи буҳронӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки аз рӯи натиҷаи омӯзиши вазъи феълии минтақа аз ҷониби коршиносони БАТР бо назардошти таҳримҳо, имконияти ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ баррасӣ карда мешаванд.
«То ҳадди имкон мо кӯшишҳои худро дар ин самт дучанд мегардонем ва ин масъала дар дафтари асосӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт»,- зикр намуд хонум Жужанна Харгитай. Мавсуф ҳамзамон ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвияти идоракунии корпоративӣ, рушди низоми суғурта, такмили қонунгузории соҳаи бонкиро барои дурнамои ҳамкорӣ самтҳои афзалиятнок ҳисобид.
Мусоҳибон ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкории мутақобилаи судманд баён доштанд.
АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд






