Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 21 март бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад. Дар ин бора сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт-2022» аз рӯи 5 вазн миёни мардҳо: -60кг, -70кг, -80кг, -90кг, +90кг ва 3 вазн миёни бонувон: -52кг, -70кг, -87кг доир мегардад. Ғолибон миёни мардҳо бо Шоҳҷоиза – мошини сабукрав қадрдонӣ мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон бо ҷоизапулӣ сарфароз хоҳанд шуд.
Миёни мардҳо барандагони медали нуқра 38 646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12 882 сомонӣ, миёни бонувон барандагони медали тилло 38 646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25 764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12 882 сомонӣ дарёфт мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.
Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир мегардиданд ва паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ менамуданд. Аз рӯи ин намуди варзиш дар фаслҳои баҳору тобистон дар доманакӯҳу саҳро мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланду хотирмон баргузор мегарданд. Паҳлавонон байни халқ эътибори бузург дошта, дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояю сурудҳо навишта мешаванд. Паҳлавонон ҳамеша рамзи дӯстӣ ва садоқатмандӣ ба ватанро доро будаанд. Гӯштингирӣ таърихи ҳазорсола дошта, моро зарур аст онро дар байни омма боз ҳам инкишоф диҳем.
Тавре зимни суҳбат бо шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Сайдаҳмад Баҳриддинов зикр намуд, гӯштини миллӣ таърихи бою қадимӣ дорад. Дар ҳар ҷашну маросими миллӣ маъракаи гӯштингирӣ низ ҳаст. Бахусус дар ҷашнҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон ва дигар ҷашнҳо гӯштини миллӣ аз ҷониби ҷавонписарон ба таври шоиста иҷро мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки паҳлавонон ҳамеша ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ, муборизони зидди зулму асорат дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва осори шоирону нависандагони форсу тоҷик ҷойи асосиро ишғол намудаанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар шоҳасари худ «Шоҳнома» дар симои қаҳрамонон Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш, Эраҷ, Исфандиёр ва дигарон паҳлавонию таҳамтаниро таърифу тавсиф намудааст. Абуалӣ ибни Сино дар асари машҳури худ «Ал қонун» дар бораи фоидаи муолиҷаи машқҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла гӯштингирӣ низ сухан ронда, гуфтааст: «Фарде, ки мунтазам ба машқи ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеҷ гуна дору эҳтиёҷ надорад».
Бояд зикр кард, ки гӯштин аз вожаи аслии тоҷикии «куштӣ» гирифта шуда, маънояш камарбанд аст. Ва низ камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Номи аслии ин навъи варзиш куштигирӣ буда, маънии камарбандгирӣ ё миёни якдигарро гирифта, қувваозмоӣ кардан мебошад.
Имрӯз ду намуди гӯштин паҳн гаштааст — яке гӯштингирӣ, дигаре гӯштини камарбандист, ки дар байни тоҷикони вилояти Суғд амал мекунад. Аз оғози солҳои 1930-юм инҷониб гӯштингирӣ аз ҳудуди ҷумҳурии мо берун баромада, барои инкишофи гӯштини дигар давлатҳо хизмат карда истодааст. Масалан, гӯштини самбо дар асоси бандҳои гӯштини миллии халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравии бародар, аз ҷумла, гӯштини тоҷикон ташкил ёфтааст. Яке аз асосгузорони гӯштини самбо Анатолий Харлампиев соли 1941 бо қарори Маркази тадқиқоти илмии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барои омӯзиши илмии гӯштинҳои миллӣ ба давлатҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна сафар мекунад. Ӯ бо гӯштини миллии тоҷикон шинос шуда, дар тартиб додани гӯштини самбо аз усулҳои (техника)-и гӯштини миллӣ васеъ истифода мебарад.
Либоси гӯштингир
Либоси гӯштингир аз ҷелак ва миёнбанд иборат буда, чакман аз матои пахтагин тайёр карда мешавад. Дарозиаш бояд аз се ду қисми то ба зонуро пӯшад, остинҳо то банди даст муқаррар гардида, дар ҳолати дастҳоро ба пеш таҳти кунҷи 90 дараҷа нигоҳ доштан дарозии остин ба буғуми панҷаи даст расад ва холигии он нисбат ба даст 10-15 сантиметр бояд бошад. Дарозии шалвор 5 сантиметр аз буғуми пой болотар буда, холигии он нисбат ба пой 10-15 сантиметрро бояд ташкил диҳад. Миёнбанд аз болои чакман, мутобиқи миён бо ду давр печонида, баста мешавад ва дарозии он аз гиреҳ 20 -25 сантиметрро ташкил медиҳад. Тибқи қоида, инчунин истифода аз кимоно иҷозат дода мешавад. Гӯштингирон пойи бараҳна қувваозмоӣ менамоянд. Дар мавридҳои зарурӣ гӯштингирон метавонанд аз ҷӯроб истифода намоянд. Дар расми кушодашавии тантанавӣ ва пӯшидашавии мусобиқа, инчунин мукофотсупорӣ иштирокчиён бо либоси гӯштингирии ранги сафед мебароянд.
Зимни қувваозмоии гӯштингирон доштани ангуштарин, дастпона ва соат манъ аст. Дар сурати набудани ҷома гӯштингирон аз кимоно истифода мебаранд. Гӯштингире, ки нахустин шуда, даъват мешавад, бояд бо киманои сафед ба майдон барояд
Хотиррасон мешавем, ки дар Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон, Эрон ва ғайраҳо иштирок мекунанд.
Тибқи қарори мазкур, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии гӯштингирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мусобиқа беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват ва ҷалб менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 12 сентябри соли 2021 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ — гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд. Рақобатҳо дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – мошин, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.
Ғолибону ҷоизадорони Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ ба таври зайл муайян гардиданд.
Миёни бонувон дар вазни 65кг Камила БОБУРОВА (Русия) Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА (Тоҷикистон) Ҷонона НАЗАРОВА (Тоҷикистон), Жанара КАШКИН (Қазоқистон).
Миёни мардҳо дар вазни 60кг Хайрандеш МУРОДЗОДА (Тоҷикистон), Ҳақдод ГУЛОВ (Тоҷикистон), Сорбон ЛАТИФОВ (Тоҷикистон), Муҳаммадӣ БАРИМ (Эрон).
Дар вазни 70кг Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ (Тоҷикистон), Муллораҷаб ХАЛИФАЕВ (Тоҷикистон), Аҳмад МАСЪУД (Тоҷикистон), Дилшод ҶӮРАЕВ (Узбекистон). Дар вазни 80кг Умар БОЗОРОВ (Узбекистон), Ҳамроз РАҶАБОВ (Тоҷикистон), Муҳаммад АБДУҶАЛИЛОВ (Тоҷикистон), Ҳайдар САИДАКБАРЗОДА (Тоҷикистон). Дар вазни 90кг Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (Тоҷикистон), Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон), Гергий ПОПУНАШВИЛӢ (Гурҷистон), Ҷонибек КОЗОКОВ (Узбекистон) ва ниҳоят дар вазни +90кг Темур РАҲИМОВ (Тоҷикистон), Бекмурод ОЛТИБОЕВ (Узбекистон), Шарифҷон НАЗРИЕВ (Тоҷикистон), Иброҳим ШАҲРИЁР (Эрон) сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ҳамчунин ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бештари медалҳоро соҳиб шуда буд, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»