Дар Душанбе доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва густариши Наврӯз ҳамоиш доир шуд

Март 14, 2022 11:21

ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва густариши Наврӯз» мизи мудаввари илмӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ниҳоди мазкур.

Дар ҳамоиш ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ Амид Комилбек иброз намуд, ки Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз тимсоли пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».

Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамоянд. Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.

Директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Саид Ғоибназарзода дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ» сухан намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз замони қадимтарин то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.

Дар мизи мудаввар дар мавзӯъҳои «Фалсафаи Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо», «Наврӯз ҷашни бостонӣ ва нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ҷаҳонишавии он»,«Инъикоси масъалаҳои Наврӯз дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ»,«Эҳё ва густариши ҷашни Наврӯз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон», «Инъикоси оинҳои ориёии наврӯзӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Таҷлили ҷашни Наврӯз тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ», «Ҷойгоҳи Наврӯз дар осори Пешвои миллат», «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар густариши ҳамгироии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз»,«Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷдид ва густариши фарҳанги наврӯзӣ», «Тараннуми иттиҳод ва дӯстию рафоқат дар ҷашнгирии Наврӯзи Бадахшон» маърӯзаҳо шунида шуданд.

Зикр шуд, ки моя ва маслаки қадимтарин ҷашни мардумони ориётаборро метавон пайвандгари аслҳои фарҳангӣ ва наслҳои инсонӣ унвон кард. Наврӯз хешу табор, авлодро бо аҷдод, наслҳоро бо аслҳо, гузаштаро бо ҳозира, ҳозираро бо оянда ва дар ниҳояти силсилаи робитаҳо ва нисбатҳо ҷаҳони кеҳин (инсон)-ро бо ҷаҳони меҳин (кайҳон) мепайвандад. Таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек маҳз дар талъати Наврӯз ҳувайдо мегардад.

Сабаби мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва табиӣ будани он аст, ки аз оғоз дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташаккул ёфта, минбаъд ба ҳайси ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф шудааст. Наврӯз ҷашни табиист, ки ба сиёсат ва идеология омехта нест. Бинобар ин, то аҳли башар ҳаст, Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

 

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Март 14, 2022 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд