Дар Душанбе маҳфили шеъру суруд таҳти унвони «Хонадони Абдулло Назрӣ» доир гардид

Март 5, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 4 март бахшида ба 25- солагии Ваҳдати миллӣ ва идҳои зебои баҳорӣ дар Кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе   бо иштироки ҳунармандон аз  оилаи  Назриевҳо маҳфили шеъру суруд таҳти унвони «Хонадони Абдулло Назрӣ» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, қабл аз оғози маҳфили идона ба ҳозирин  ҳаёту фаъолияти шодравон Абдулло Назрӣ ва пайравонаш рӯнамоӣ  гардид.

Дар шоми идона Исмоил, Давлат, Соҳиб ва Умед Назриевҳо бо шогирдонашон ба таври зинда ва бо асбобҳои миллии тоҷикӣ 18 сурудро дар сатҳи баланд иҷро намуданд, ки бештари онҳо сурудҳои нав буданд. Ин ҳунармандон  сурудҳои шодравон Абдулло Назриро низ сароида, хотири иштирокдорони маҳфилро болида гардониданд.

Дар идомаи маҳфил барои саҳми муносиб гузоштан дар ташвиқу тарғиби санъату ҳунари миллӣ ва ҳадафҳои иттифоқҳои касаба устоди санъат  Исмоил Назрӣ бо «Ифтихорнома” ва ҳунармандони шинохта Давлат ва Соҳиб Назрӣ бо “Сипоснома”-и Федератсияи иттифоқҳои  касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳи Назрӣ 20 сентябри соли 1930 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст ва ӯ аз пайравони мактаби хонандагии Акашариф Ҷӯраев маҳсуб буд. Номбурда  соли 1954 аз Дарвоз ба шаҳри Душанбе (он замон Сталинобод) даъват шуд ва ҳамагӣ 3 сол баъд, дар синни хеле ҷавони 27-солагӣ сазовори унвони фахрии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон шуд. Яккахони ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1946-1964), яккахони коллективҳои мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ,  аз ҷумла ансамбли шуҳратёри «Шашмақом» (аз 1965) буд ва то охири ҳаёт фаъолият дошт.

 

АКС аз манбаъҳои озод

Март 5, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид