Дар Душанбе озмуни «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 31.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт даври ноҳиявии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ҷараён дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ мегардад.
Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмуни мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба забондон гардидани насли наврасу ҷавон роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».
Ба зикри Асомиддин Бобозода, озмун вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» миёни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ роҳандозӣ мешавад.
Тибқи низомнома, озмун дар ду бахш — (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад: «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон), «Эссе» (бо се забон), «Қироати шеър» (бо се забон), «Имло» (имлои дурусти калима дар матн) ва «Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ).
Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад:
— даври якум — моҳҳои январ -феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо;
— даври дуюм — моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум;
— даври сеюм (шаҳрӣ-асосӣ) — ҳафтаи аввали моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюм.
Дар ҳар давр вобаста ба ҳар номина то 3 ғолиб (ҷои якум –1 нафар, маблағи 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм –1 нафар, 10 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм –1 нафар, 5000 сомонӣ) муайян карда шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд






