Дар Гаага ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерландро дар мавзӯоти об баррасӣ намуданд

Март 1, 2022 09:24

ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гаага мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Директори кулли Департаменти  «Рушди сабз»-и Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд, Сафири вижа оид ба рушди мустадом Рене ван Ҳелл баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ду ҷониб зимни баррасии ҷомеи масоили муносибатҳои тарафайн ба ҳамкории Тоҷикистону Нидерланд дар мавзуоти об, ки ҳарду кишвар дар он пешсафанд, таъкид намуда, аз нияти ширкати фаъоли Подшоҳии Нидерланд дар конфронси қарибулвуқӯи об дар Душанбе истиқбол намуданд.

Ҳангоми мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба номи Сарвазири Нидерланд Марк Рютте ба ҷаноби Рене ван Ҳелл тақдим намуд.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Делфти Нидерландия мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори Институти оби Делфт, ки дар ҷаҳон маъруф аст, профессор Эдди Моорс баргузор гардид.

Ҳамсуҳбатон дар мавзӯи ҳамкории босамари кишварҳо дар масоили об мубодилаи афкор намуда, дар бораи мушаххасоти Конфронси қарибулвуқӯъ дар Душанбе, ки зимни ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт, ибрози андеша намуданд.

Профессор Э. Моорс ба фаъолияти кишвари мо дар бахши рӯзномаи умумиҷаҳонии об баҳои баланд дода, аз омодагии хеш барои ширкат дар Конфронси оби Душанбе (июни соли 2022) ва Конфронси оби Ню-Йорк (марти 2023) иттилоъ дод.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Март 1, 2022 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид