Дар Хатлон оид ба бартараф намудани камбудиҳои соҳаи маориф ҷаласаи корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни сафари корияшон ба вилоят баён намуда буданд, барномаҳои рушди соҳаи маориф, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, сифатнокии сатҳи таълим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор доир гардида, масоили мазкур мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дода шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Дар кори он муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, муовини аввали Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷуразода, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, сохторҳои қудратӣ ва дигар ҳамоҳангсозон дар самти барномаҳои соҳаи маориф иштирок доштанд.
Ҷамшед Ҷуразода гуфт, ки «дар ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта низоми мактабу маориф, илму фарҳанг нақши калидӣ ва созанда касб менамояд. Аз рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дараҷаи неруи зеҳнию ақлонии ҳар кишвар вобастагӣ дорад ва маҳз мактабу маориф, мутахассисони баландихтисос метавонанд рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд».
Сардори раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода иброз намуд, ки аҳли маорифи вилояти Хатлон соли равон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки самаранокии сифати таълимро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, татбиқи барномаҳои давлатиро таъмин намоянд.
Дар хатми ҷаласа муовини раиси вилоят ва муовини аввали Вазири маориф ва илми мамлакат доир ба масъалаҳои матраҳгардида ба сардори раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






