Дар Хоруғ бинои нави Мудирияти минтақавии «Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ВМКБ ифтитоҳ гардид

Март 26, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар шаҳри Хоруғ бинои нави Мудирияти минтақавии «Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ВМКБ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бинои мазкурро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ифтитоҳ намуданд. Бино аз 2 ошёна ва 8 утоқи корӣ иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.

Инчунин аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 адад дарахтҳои ҳамешасабз ба шаҳру навоҳии ВМКБ тақдим карда шуданд, ки ба тозагии экологӣ таъсири судманд мерасонанд.


Ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти пурсамар ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ як автомобили тамғаи «Тойота Ландкрузер» тақдим карда шуд.

«Ин тадбирҳо боиси беҳтар шудани фаъолияти нозирӣ ва ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноту набототи нодири Тоҷикистон мегарданд», — тазаккур доданд дар Кумита.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Март 26, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид