Дар Хуҷанд озмуни «Гранти раиси шаҳр ба занони ҳунарманд ва эҷодкор» дар ҳаҷми 165 000 сомонӣ эълон гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмуни «Гранти раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2022» эълон намуд, ки аз 40 грант иборат буда, маблағи умумии он беш аз 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
40 гранти Раиси шаҳри Хуҷанд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳашт ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5 панҷ ҳазор сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3 се ҳазор сомонӣ мебошанд.
Ин тадбир дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор» ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ сурат мегирад.
АКС: МИҲД-и ш. Хуҷанд








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






