Дар Истанбул имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 22.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 19 март бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони Имом Ҳотиб дар Бизнес-форум оид ба рушди соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорони маҳаллӣ ва тоҷикистонӣ, аъзои Ассотсиатсияи мустақили саноатчиён ва соҳибкорони Туркия (MÜSİAD) ва рӯзноманигорони маҳаллӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода, раиси Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони Имом Ҳотиб Нуруллоҳ Шоҳин, Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон-Туркия (ДЕИК) Ҷиҳангир Саатчиоғлу ва роҳбари Дафтари ҳуқуқшиносии “Аli Yüksel & Hilmi Özalp” Али Юксел иштирок намуда, оид ба имкониятҳои соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар суханронӣ карданд.
Инчунин аз ҷониби намояндаи Консулгарии генералӣ рӯнамо роҷеъ ба фазо ва имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳозирин манзур гардид.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд






