Дар Минск ба дипломатҳои ИДМ оид ба конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе иттилоъ дода шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мекунад, ки 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Дар ин бора дирӯз, 30 март дар Минск Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод дар ҷаласаи муштараки Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар органҳои мақомоти Иттиҳод ва комиссияҳо оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон дар мавзӯи «Ҳавасмандгардонии амалҳои об ва шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мешавад.
Маҳмадшариф Ҳақдод иброз намуд, ки конфронс бахше аз «Раванди оби Душанбе» ба шумор меравад, имконияти саривақтӣ ва арзишманд фароҳам оварда, минбари дастгирии амал, тавсеаи шарикӣ, роҳандозии муколамаи сиёсӣ, баррасии рафти татбиқи Барномаи Даҳсола, инчунин инкишоф додани робита бо дигар равандҳои дахлдор маҳсуб мешавад.
«Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об боз як макон барои муайян ва муттаҳидсозии иттилооти зарурӣ оид ба об гардида, дар омодасозии Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлат вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои байналмилалии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки соли 2023 дар Ню Йорк баргузор мешавад, мусоидат намуда, ҳамчунин маълумоти навшудаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устуворро пешниҳод менамояд»,-баён намуд, дипломатии тоҷик.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






