Дар Найробӣ ба ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбари Бюрои минтақавии Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Аврупо Бруно Потсӣ ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқоти Баҳодур Шерализода ва Бруно Потсӣ дар шаҳри Найробӣ — пойтахти Кения дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти СММ доир гардид.
Баҳодур Шерализода ба намояндагони Барномаи муҳити зисти СММ оид ба татбиқи барномаи ҷорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла саҳми Тоҷикистон дар кам кардани партови карбон ба атмосфера, бо ин мақсад шинонидани беш аз 9 миллион дарахт дар 5 соли охир дар кишвар, инчунин бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар бобати аз 2,8 фоизи тамоми ҳудуди мамлакат дар соли 1991 то ба 22 фоизи худуди ҷумҳурӣ дар соли 2020 зиёд намудани ҳудуди минтақаҳои табиии муҳофизашаванда маълумот дод.
Бруно Потсӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони фаъол дар минтақа буда, ташаббускори Барномаи нав дар соҳаи молия ва технология мебошад. Ҳамчунин Бруно Потсӣ иброз намуд, ки суханронии намояндаи Тоҷикистон дар бахши сатҳи баланд ба унвони Ассамблея сазовори таваҷҷуҳи хосса аст ва Бюрои Ассамблея ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро ба инобат мегирад.
Дар анҷом Баҳодур Шерализода Бруно Потсиро дар доираи чорабиниҳои минтақавӣ дар соли 2022 барои боздид аз Тоҷикистон даъват намуд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






