Дар Ню-Йорк бо иштироки ҳамватанон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк 24 март аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.
Ҷонибек Ҳикмат ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз муборакбод намуда, аз анъанаҳои таърихӣ ва расму русуми истиқбол аз ин ҷашни ниёгон, фалсафаи инсонпарварию зебоипарастӣ ва рисолати сулҳофарию созандагии он, ҳамгироии одаму олам, эҳёи табиат, инчунин дигар аркони расмии он, ки ба истеҳком бахшидани дӯстиву ҳамдилии башарият созгор мебошанд, ёдовар шуд.


Дар ҳамоиши мазкур гӯшаи фарҳангӣ бо парчаму нишони давлатӣ, мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои дастии мардумӣ, аз қабили сӯзаниҳову чакандӯзиҳо, ороишоти минтақаҳои гуногуни кишвар, либосҳои миллӣ, китобҳо, аксҳои табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар замони истиқлол ташкил шуда буд. Ҳамчунин дастурхони идонаи тоҷикӣ бо таоруфоти миллӣ ва ороиши таҷассуми рамзии он бо “ҳафт син” ва “ҳафт шин” густарда шуда, пешкаши меҳмонон гардид.
АКСҲО: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ










Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






