Дар Осорхонаи миллӣ оид ба тасвири Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон намоиш баргузор мешавад

Март 14, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш оғоз мегардад, ки дар он тасвири ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомӣ, кундал ва  кандакорӣ дар рӯи чӯб ба тамошо гузошта мешавад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фаридун Кенҷаев ба АМИТ  «Ховар» хабар дод, чун анъана ҳар сол дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз намоиш доир мегардад. Намоиши имсола аз солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад, ки инро тамошобинон танҳо баъди дидан мефаҳманд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар намоишҳои қаблӣ  ба тамошобинон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки давоми як сол Осорхонаи миллӣ бо роҳи харид, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона дастрас менамуд,    манзур мешуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наврӯз — суннати мондагори  Ваҳдат аст» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, олимону нависандагон ва донишҷӯён суҳбати «мизи мудаввар» баргузор мегардад.


Бояд гуфт, ки осорхона 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррифи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.

Инчунин дар Осорхонаи миллӣ толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Тоҷикистон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 14, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд