Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе тантанаҳои Наврӯзӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Форуми мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи Иди байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имконияти сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имконоти соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ доир мешавад. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Комрон Зафарзода иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, ки Форуми мазкур дар ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳайатҳои бародаршаҳрҳо, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии мамлакат, васоити ахбори омма, мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат 16 март Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон-Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» оғоз гардид, ки он то 19 март идома меёбад.
Тавре мудири бахши кор бо ҷавонони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкам Гулзода хабар дод, дар заминаи нақша-чорабиниҳои Фестивал иштирокчиён нахуст дар фазои тантанавӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд.
Сипас дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат мояи ифтихор ва саодату сарҷамъии мо ҷавонон» баргузор гардид.
Дар назар аст, ки иштирокчиён аз Қалъаи Ҳисор, қисмҳои ҳарбии пойтахт дидан намуда, барномаи театрии дар Муассисаи давлатии Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимовро тамошо менамоянд.
18 март иштирокчиёни Фестивали мазкур аз НБО «Норак» боздид намуда, дар барномаи «Шоми дӯстӣ» ширкат меварзанд.
Ба иттилои манбаъ, 21 март бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад.
Инчунин аз 25 то 29 март дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе – Рӯдакӣ — Хуросон – Бохтар – Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё доир мегардад.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён, 21 март, соати 03:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад.
Инчунин аз чор дарвозаи шаҳри Душанбе Корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо рӯҳияи баланди саршор аз шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон ба ин макон ворид шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба ватани хеш омад!» мерасонанд.
Ба зикри мавсуф, ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир мегарданд. 21 март сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, 22 март сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, 23 март сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 24 март сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Боғи Куруши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил менамоянд. Дар ин рӯзҳо бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






