Дар шаҳри Ҳисор иқдоми «Суманак-пайки Наврӯз» доир шуд

Март 17, 2022 08:37

ҲИСОР, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳудуди шаҳри Ҳисор  таҳти унвони «Суманак- пайки Наврӯз» иқдоми идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Суманак ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад, ки ифодагари намоду нишони ҳаёт ва маданияти рӯзгордории тоҷикон мебошад. Аз ин хотир тибқи анъана ва суннатҳои наврӯзӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сабзаи суманак ҳамчун пайки накӯи Наврӯз парварда, ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва идораю муассисаҳои ҳудуди шаҳр тақдим карда шуд.

Мояи ифтихормандӣ ва сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки имрӯзҳо тамоми мамолики дунё, аз ҷумла кишварҳои таҷлилкунандаи ҳавзаи Наврӯз ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалиро ҳамчун рамзи накӯӣ,  оғози кишту кор таҷлил менамоянд. Иқдоми мазкур бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифтааст.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам тозаю озода намудани манзилу маҳал, дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаи ниёзманди аҳолӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбону бечорагон, ятимону бепарасторон, тақдими гулҳои аввалини баҳорӣ ва сабзаи навруста аз русуми хос ва фарҳанги қадимии мардуми тоҷик башорат медиҳад.

 

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 17, 2022 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид