Дар Шуғнон дар баландии тақрибан 3600 метр аз гармхонаи инноватсионӣ ҳосили нави бодиринг гирифта шуд

Март 31, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахашон аз гармхонаи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ), ки соли гузашта бунёд шуда буд, ҳосили нави сабзавоти бодиринг гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ«Ховар» бо истинод ба ин муассиса.

Чанде қабл муовини ректор оид ба молия ва рушди иқтисоди ДДХ Буорик Бахтиёров ва омӯзгори факултети биологияи донишгоҳ Асрор Симоилбеков ба деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнони ВМКБ сафари корӣ анҷом дода, аз гармхонаи инноватсионии донишгоҳи мазкур, ки соли гузашта бунёд шуда буд, ҳосили нави сабзавоти бодиринг гирифтанд.

Бояд гуфт, ки гармхонаи Ҷелондеҳи ДДХ бо тамоми шароиту имконияти муосир дар баландии тақрибан 3600 метр аз сатҳи баҳр сохта шууда, барои парвариши намудҳои гуногуни сабзавот мусоид мебошад. Феълан дар гармхонаи инноватсионӣ намудҳои гуногуни бодирингу помидор ва дигар сабзаҷот мавҷуд буда, баҳрабардорӣ аз гармхона дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Баҳри дар сатҳи меъёрӣ фаъолият намудани гармхона, ки дар доираи Барномаи грантии «Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон» ва лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботи муосири бозори меҳнат» рӯи кор омад, на танҳо ёрии илмӣ – методии устодон, балки кумаки амалии онҳо барои ба кор андохтани гармхона равона шуд.


Ҳадафи дигари барнома — ин ташкили бошишгоҳи экологӣ дар деҳаи Ҷелондеҳ ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти он мебошад. Иншооти мазкур дар шафати гармхона сохта шуда, на фақат донишҷӯёну магистрантон ва кормандони илмии ДДХ, балки донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ низ метавонанд зимни таҷрибаомӯзии таълимиву саҳроӣ аз фаъолияти он самаранок истифода баранд.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишту парвариши зироати кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳои наву инноватсионӣ ва гирифтани ҳосили фаровон аз онҳо пайваста таъкид менамоянд.

Бо дарки ин масъала устодони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ раванди парвариши сабзавотро дар гармхонаҳои инноватсионии донишгоҳ тақвият бахшида, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда гузошта истодаанд.

АКСҲО: ДДХ

Март 31, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид