Дар Суғд ҳамкорӣ ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 март зимни вохӯрии Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов бо Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия Ҷаҳонгир Фикрӣ Саатчиоглу масъалаҳо оид ба фазои сармоягузории вилояти Суғд, иқтидори иқтисодӣ, таҳлили робитаҳои мавҷудаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи мазкур иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов оид ба фазои сармоягузории вилояти Суғд, иқтидори иқтисодӣ, таҳлили робитаҳои мавҷудаи тиҷоративу иқтисодӣ, бахшҳои ояндадори иқтисодиёт, инчунин инконият ва имтиёзҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ки дар онҳо сармоягузории Туркия имконпазир аст, ба Ҷаҳонгир Фикрӣ Саатчиоглу маълумоти васеъ пешниҳод намуд.
Ҷаҳонгир Фикрӣ дар бораи фаъолияташ дар чаҳорчӯби Шӯрои тиҷоратии дуҷониба, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо, зарурати баргузории вохӯриҳои муштарак ва форумҳои тиҷоратӣ ҷиҳати муайян намудани иқтидори сармоягузорӣ сухан гуфта, соҳибкорони вилояти Суғдро барои иштирок дар форуми тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Измир доир мегардад, даъват намуд.
Дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаҳое, ки ҳарду ҷониб нисбат ба он мароқ зоҳир намуданд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд доираҳои тиҷоратии Туркияро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд – 2022», ки моҳи июли соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, даъват намуд.
АКС: ПССТ дар вилояти Суғд








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






