Дар Суғд аз хизматҳои шоёни публитсист ва собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» Усмонҷон Тоҷибоев ёдоварӣ карданд

Март 10, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  110 – солагии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи матбуоти маркази вилояти  Суғд маҳфили гиромидошти рӯзноманигори соҳибқалам, публитсист, ходими адабӣ, сармуҳаррири вақти рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод»,  Корманди шоистаи РСС Тоҷикистон, дорандаи ордени «Байрақи сурхи меҳнат» шодравон Усмонҷон Тоҷибоев таҳти унвони «Соҳибфазилат буду инсоншинос» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар маҳфил раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, собиқадорони матбуот, намояндагони рӯзномаҳо ва телевизионҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, мудирони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамкорон, шогирдон, дӯстон ва фарзандони Усмонҷон Тоҷибоев иштирок намуданд.

Пас аз намоиши филм оид ба хотираҳои нек аз Усмонҷон Тоҷибоев,  сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Аминҷон Шарифзода иброз  намуд, ки «бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ аз хизматҳои мондагори шахсияҳои шинохтаи аҳли эҷод ва гиромидошти хотираи неки онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Устод Усмонҷон Тоҷибоев воқеан тавонистаанд, ки фазои хуби эҷодӣ ва мактаби бузурги шогирдпарвариро назди идораи рӯзнома таъсис дода, даҳҳо шогирдонро дар роҳи рушду пешрафти журналистикаи тоҷик тарбия намоянд, ки эшон  аз хислатҳои наҷиби он кас ҳамеша ба некӣ ёдовар мешаванд».

-Аз оғози пайдоиши рӯзнома олимону зиёиёни тоҷик, аз ҷумла академикҳо Зариф Раҷабов, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Ҳасанов, Қурбон Баҳлулзода, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Аминзода, Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигарон фаъолияти хешро ба роҳ монда буданд. Бо мурури айём рӯзномаи вилоятӣ ба як аслиҳаи муқтадир табдил ёфт ва шогирдони зиёдеро ба камол расонид. Яке аз чунин нафарон ин Усмонҷон Тоҷибоев мебошанд, ки дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ҳозира «Ҳақиқати Суғд» наздики понздаҳ сол (1971 то 1984) ба ҳайси сармуҳаррир адои вазифа намуданд, — гуфт Аминҷон Шарифзода.

Раиси созмони вилояти суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён иброз дошт, ки  «имрӯз рушди журналистикаи вилоят пеш аз ҳама дар заминаи мактаби рӯзноманигории «Ҳақиқати Суғд» ба миён омада, ташаккул ёфтааст. Дар ин нашрия беҳтарин журналистону эҷодкорон фаъолият доштанд ва яке аз онҳо Усмонҷон Тоҷибоев ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ нашрияро роҳбарӣ кардаанд».

Муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Сурайё Ҳакимова дар мавзӯи “Усмонҷон Тоҷибоев ва саҳми ӯ дар интишори рӯзномаи «Ҳакиқати Суғд»” маърӯза кард.

— Усмонҷон Тоҷибоев яке аз чеҳраҳои тобноки журналистикаи тоҷик аст, ки солҳои сармуҳарририи рӯзомаи “ Ҳақиқати Суғд”-ро бар дӯш дошт. Зиндагии пурбори ин марди қалам баъди хатми мактаби олӣ барои ҳамеша бо матбуот пайванд мешавад. Ӯ дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” дар вазифаҳои ходими адабӣ, мухбири махсус, котиби масъул (солҳои 1955-1962) кор карда, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияи Хуҷанд «Бо роҳи Ленинӣ» (1962-1964), сармуҳаррири рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» (солҳои 1964-1971) буд, — гуфт С.Ҳакимова.

Сипас дӯстон, шогирдон ва  пайвандони Усмонҷон Тоҷибоев хотироти худро аз кору рӯзгори мавсуф ёдовар шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Усмонҷон Тоҷибоев аз моҳи апрели соли 1971 то рӯзҳои вопасини умр сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» буд, ки ин марҳаларо метавон даврони рушду нумӯи журналистикаи вилоят ном бурд. Дар он солҳо зумраи рӯзноманигорони соҳибмалакаву бомаҳорат сабзида расиданд. Бо заҳмату талоши Усмонҷон Тоҷибоев адади рӯзнома аз 37 ҳазори соли 1972 ба 41159 нусха расонида шудааст. Замони сармуҳарририи Усмонҷон Тоҷибоев шумораҳои ҷашнии «Шумораи 10000» ва «Бахшида ба 50-солагии рӯзнома» бо шукӯҳ ва бо касбияти баланд интишор шудаанд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ ҳозиринро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, гуфт, ки  матбуоти тоҷик дар даврони истиқлоли кишвар рушду такомул ёфта, барои инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа мақому эътибори баланд пайдо намуд.

— Маҳфили имрӯза бахшида ба 90 — солагии рӯзноманигори соҳибқалам, публитсист, ходими адабӣ, сармуҳаррири вақти рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» Усмонҷон Тоҷибоев, ки зиёда аз  чаҳордаҳ сол сармуҳарририи рӯзномаро бар дӯш дошт, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиста ва меҳнати сангину пурмасъулияти кори рӯзноманигорӣ маҳсуб меёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рисолати ҳаёти эҷодии рӯзнома рангу таровати тозаеро касб намуд. Рӯзноманигорони «Ҳақиқати Суғд» аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ муътақид будани нерӯи зеҳнӣ ва қобилияти ақлонии хешро ба ҳадафҳои созанда, татбиқи ҳаётии сиёсати хирадмандона, ғояҳои хештаншиносӣ ва арҷгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар нишон додаанд ва имрӯз ҳам онро вазифаи хеш меҳисобанд, — гуфт Т.Султонӣ.

Шодравон Усмонҷон Тоҷибоев соҳиби панҷ нафар фарзанд буданд, ки имрӯз онҳо номи падарро бо ифтихор ба забон меоранд. Яке аз фарзандони Усмонҷон Тоҷибоев Умар Тоҷибоев аз падар чунин ёдовари карданд: «Дар айёми кӯдакиам падарро танҳо шабона медидем, зеро қиблагоҳии бузургворам дӯстдори касби худ буданду вақти зиёди худро дар коргоҳ паси сар мекарданд. Падарам аз овони кӯдакӣ бо суханони нек ҳақиқатҷӯиро бароямон меомӯзониданду барои ояндаи неки панҷ нафар фарзандон маслиҳатҳои муфид медоданд. Он кас насиҳатгару маслиҳатгари мо буданд. Хуб дар хотир дорам, ки ҳанӯз аз овони наврасиам рӯзҳои истироҳат маро бо худ ба бозор мегирифтанду ба растаҳои меваву сабзавот бурда, рӯзгордориро меомӯзониданд, ки ин хислати падари бузургворам дар зиндагии мустақилона бароям дарси пурарзиш аст. Сарбаланд аз он ҳастам, ки фарзанди чунин инсони меҳанпарасту ҳақиқатҷӯ ҳастам».

Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 10, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид