Дар Суғд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад

Март 1, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ гузаронида мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Озмуни мазкур имсол бо дастгирии роҳбарияти вилоят дар ду номина-матбуоту WEB-журналистика ва телевизиону радио дар алоҳидагӣ баргузор шуда, дар он кормандони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, телевизион ва радио, новобаста аз шакли моликият, нафароне, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш даҳ сол узвият доранд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият намуда ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд.

Ба ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар номинаҳои матбуоту WEB-журналистика ва телевизиону радио 3 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 6 ҳазор сомонӣ ва Диплом супорида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки 11 март дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ва 110-солагии нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз баргузории маҷлиси тантанавӣ, суҳбати журналистони собиқадор бо толибилмону донишҷӯён дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат-роҳнамои ҷомеа», аёдати собиқадорон, ташкили мусобиқаи анъанавии шоҳмот миёни кормандони ВАО, маҳфили ёдбуди журналистони соҳибном Усмонҷон Тоҷибоев ва Неъмат Шариф, конфронси илмию амалӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд