Дар Тоҷикистон бо иштироки беш аз 1000 нафар низомиёни Русия тамринҳо оғоз гардиданд

Март 14, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 1000 нафар низомиёни Русия дар пойгоҳи низомии 201-ум ба тамрин оид ба маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора  дар иттилоияе, ки имрӯз, 14 март дафтари матбуоти Округи марказии ҳарбӣ нашр намудааст, гуфта мешавад.

11 март ҷузъу томҳои пойгоҳ ба масофаи 300 км қадам зада, ба Ҳарб-Майдон, ки дар он ҷо тамринҳо гузаронида мешаванд, расиданд.

«Тамринҳои тактикӣ бо иштироки беш аз 1000 низомии Русия аз пойгоҳи 201-ум дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдони Тоҷикистон оғоз шуданд. Дар марҳилаи асосии тамринот, ки 18 март баргузор мешавад, низомиён амалиёти пешгирӣ ва нобудсозии сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бо истифода аз системаҳои иктишофӣ-оташӣ ва иктишофӣ-зарбавиро таҳия мекунанд»,-омадааст дар иттилоия.

Машқҳои тактикӣ аз 14 то 18 март баргузор мешаванд. Дар онҳо беш аз 1000 нафар низомиёни Русия иштирок намуда ва беш аз 300 адад аслиҳа, техникаҳои махсус ва низомӣ бо ҷалби чархболҳои авиатсионии артиш ширкат хоҳанд кард.

 

АКС: yandex.ru

Март 14, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид