Дар Турсунзода ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду навсозии 400 иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 18.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёду навсозии 400 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва дигар фаъолони шаҳр, ки 17 март баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ба нақшаи мазкур дар доираи эълони солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат дар шаҳр сохтмони коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ низ дохил гардид. Дар ин давра ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии соҳаи маориф бунёди 500 синфхонаи иловагӣ, инчунин сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмири роҳҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва дигар иншооти хоҷагии халқ пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 427 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ин иншоот 21 ададаш корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки дар онҳо 2083 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Аксҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд






