Дар Узбекистон ҷараёни омодагиҳо ба нишасти дарпешистодаи СҲШ дар Самарқанд баррасӣ мешавад

Март 14, 2022 11:21

ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба наздикӣ дар шаҳри Бухоро таҳти раёсати Узбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ кард, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода (ДАР АКС) иштирок дорад.

Дар маросими ифтитоҳи ҷаласа, ки дар шакли гибридӣ ҷараён дорад, муовини вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов, ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви ин созмон, инчунин роҳбарони сохторҳои доимии СҲШ ширкат намуданд.

Дар доираи ҷаласа ба омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 15-16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.


Доир ба нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Узбекистон дар СҲШ, инчунин лоиҳаҳои санадҳои таҳиякардаи ҷониби Узбекистон табодули афкор сурат мегирад.

Ҷаласаи Шӯрои Ҳамоҳангсозони Миллии (ШҲМ) СҲШ имрӯз, 14 март ба кори худ идома медиҳад.

Ҷаласаи қаблии ШҲМ СҲШ 26-28 январ дар Тошканд баргузор шуда буд.Ёдовар мешавем, ки Узбекистон аз сентябри соли 2021 давлати раисикунанда дар СҲШ маҳсуб мешавад.

 

АКС: АИ «Дунё»/АМИТ «Ховар»

Март 14, 2022 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»