Дар Вазорати рушди иқтисод ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Уммон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири навтаъйини Салтанати Уммон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Теҳрон) Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ мулоқот намуд, ки зимни он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бахусус зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳия ва ба имзо расонидани ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
А. Абдураҳмонзода пешниҳод намуд, ки аз ҷониби сармоягузорони уммонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба корхонаи коркади нафти ҶДММ «ТК Ойл» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва таъмини нафти хом бо шартҳои имтиёзнок барои коркарди минбаъдаи он мусоидат сурат гирад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби сафир хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






