Дар як шабонарӯз 18 ҳодисаи лағжиши тарма ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 март дар роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ (километрҳои 478 ва 497), Хоруғ-Ишкошим (километри 29) ва роҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 58) 18 ҳодисаи лағжиши тарма ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Барои тоза кардани роҳ аз барфтӯда хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, барои рафъи пайомадҳои тарма талоши зиёд доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) хабар доданд, баъд аз бартараф шудани тармаҳо ҳаракати нақлиёт дар самти Душанбе — Хуҷанд иҷозат дода шуд.
Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста аст.
Дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз – Ш.Шоҳин – Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, дар натиҷаи бориши зиёд сангрезӣ низ ба қайд гирифта шуд. Бо ҷидду ҷаҳди кормандони Вазорати наклиёт оқибатҳои офат бартараф ва роҳ кушода шуд.
Ёдовар мешавем, ки хатари фаромадани тарма, омадани сел, сангрезӣ, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо то охири ҳафта боқӣ мемонад.
АКС: IRS








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






