Дар Душанбе доир ба амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзим дар Тоҷикистон конфронс баргузор гардид

Март 11, 2022 14:05

ДУШАНБЕ, 11.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Маркази миллии қонунгузорӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар мавзӯи «Амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявӣ  баргузор намуд, гузориш медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар оғози ҳамоиш директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Иззатулло Саидзода мақсади  гузаронидани конфронсро дар расонидани иттилоот оид ба механизми амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар ҷумҳурӣ унвон карда, зикр намуд ки бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид барои дастгирии соҳибкорон ва таъмини иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии соҳаи соҳибкорӣ масъалаи татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омад.

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкорӣ ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Масъалаи мазкур аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт ва бо дарназардошти таклифҳои мутахассисон Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд», — изҳор дошт И.Саидзода.

Ёдовар бояд шуд, ки соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав бо дарназардошти консепсияи зикргардида қабул гардид, ки дар он бо номи «Боби 4. Хусусиятҳои банақшагирӣ, таҳия, таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад» боби нав пешбинӣ шуд.

Дар баробари ин, тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ ва Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба амалишавии падидаи таҳлили таъсири танзимкуниро ба низом медароранд.

Зикр гардид, ки мафҳуми таҳлили таъсири танзимкуниро қонунгузор дар асоси далелҳои воқеии муайян намудани оқибатҳои мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоӣ ва бо дарназардошти таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои соҳибкорон ва давлат, қабул намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ муайян кардааст. Яъне, яке аз мақсадҳои таҳлили таъсири танзимкунӣ қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо назардошти манфиатҳои соҳибкорон мебошад.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2022 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад