Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар Дафтари Канслери федеролӣ баррасӣ гардид

Март 12, 2022 12:59

ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 март Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Сардори Раёсати равобити дуҷониба бо кишварҳои Аврупои Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Дафтари Канслери федеролӣ Александр Валлау вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот мусоҳибон дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Олмонро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла таҳким ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона таъкид намуданд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 12, 2022 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид