ФАСЛИ ГУЛ ДАР ЧАМАНИ НАВРӮЗ АСТ! Дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ин ҷашн бо шукӯҳи хосса таҷлил гардид

Март 17, 2022 16:28

ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини халқҳои ориёӣ, алалхусус форсизабон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологии давраҳои таърихӣ, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳатто шикасту нокомиҳо аз ҷониби ақвоми мухталиф ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистаанд, чизе аз бузургию шаҳомати ин ҷашнро кам кунанд. Ин нуктаро Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн баён намуд.

Тавре масъули бахши матбуоти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  Додоҷон Рӯзиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар  ҷашни наврӯзӣ меҳмонон,  ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада ва намояндагони ВАО иштирок  намуданд.

Саҳни муассиса ва Наврӯзгоҳ базмгоҳи бузургеро мемонд, ки бо шиору овезаҳои «Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!», «Наврӯз шуд ҷаҳонӣ», «Наврӯз муборак бод!» ва дигар шиорҳои ҳувияти миллидошта оро дода шуда буданд. Кафедра ва факултаҳо бошанд, дар ду тарафи роҳрави донишкада суфраҳои идӣ густурдаву  дар гӯшаҳои вижа дастовардҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва эҷодии устодону донишҷӯёнро ба намоиш гузоштанд.

Ректори донишкада хотирнишон сохт, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Саъю талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шинохтанд ва эътироф карданд.

Таъкид гардид, ки махсусан таваҷҷуҳ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Наврӯз ва таҷлили бошукӯҳи он арзандаву сутуданист. Зеро маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдории кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда, дар он 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне, Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.


Сипас барномаи идона аз ҷониби аҳли ҳунари муассиса пешкаш шуда, аз ҷониби донишҷӯёни донишкада шеъру сурудҳо дар васфи баҳору Наврӯз қироат гардид.

Фасли гул дар чамани Наврӯз аст,
Савти ғул-ғулфикани Наврӯз аст.
…Ҳар куҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!

 

АКСҲО: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

Март 17, 2022 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд