Гурӯҳи навбатии 110 нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Лаҳистон ба Ватан оварда шуд
ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз гурӯҳи навбатии 110 нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба Лаҳистон ворид гардида буданд, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар натиҷаи амалӣ намудани ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз, 26 март 413 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занону пиронсолон ва ноболиғон ба Ватан баргардонида шуданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 11 март бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Лаҳистон 303 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба ин кишвар рафта буданд, тавассути ширкати лаҳистонии «Enter Air» аз Варшава ба Душанбе оварда шуданд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият набуданд, аз ҷониби кормандони Сафорат дар фурудгоҳ шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан дода шуд.
АКС: бойгонии АМИТ «Ховар»








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






