Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 март дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ (Агритек-2022) ба кори худ оғоз кард, ки дар он иқтидори кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар форуми иқтисодие, ки дар ҳошияи Намоишгоҳ баргузор гардид, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода суханронӣ намуда, иқтидору зарфиятҳои соҳаҳои агросаноатии кишвар ва инчунин тадбирҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва инчунин содироту воридоти маҳсулоти соҳаҳои мазкур муҳайё намудааст, рӯнамоӣ кард.
Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо ҳузури Сарвазири Қатар, Вазири шаҳрдорӣ, Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Давҳа ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва саноатии Қатар ва дигар кишварҳои хориҷӣ сурат гирифт.
Дар рафти ин чорабинӣ 307 ширкати байналмилалӣ аз 46 кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро дар бахшҳои кишоварзӣ, обёрӣ, чорводорӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва технологияҳои соҳаи кишоварзӣ ба намоиш гузоштаанд ва боздиди беш аз 10 ҳазор нафар аз Намоишгоҳи мазкур дар назар аст.
Намоишгоҳи байналмилалӣ то 14 марти соли 2022 идома хоҳад ёфт.
АКСҲО: ВКХ ҶТ









Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






