Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик пуршукӯҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик бо баргузории барномаи идонаи фарҳангӣ ва намоиши китоб таҷлил гардид, ки дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовинони Вазири фарҳанги мамлакат, сармуҳарирони рӯзномаву маҷалла, директорони радиову телевизионҳои мамлакат ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш Рӯзи матбуоти тоҷикро аз қабили падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки он бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 110 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода доир ба роҳи тайкардаи матбуоти тоҷик сухан гуфта, нақши рӯзноманигоронро дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа муҳим ва арзанда арзёбӣ намуд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ ба як зумра рӯзноманигорон унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», сипосномаҳо ва ба расонаҳои иттилоотӣ диплому ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳамоиши идона АМИТ «Ховар» барои ҳамкории самаранок, саҳми бориз дар тарғиби ҳадафҳои давлат ва Ҳукумат ва арзишҳои миллӣ бо сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Тавре дар суҳбат бо мо сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Шералӣ иброз намуд, дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад. Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад. Зеро таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иброз доштанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».
Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».
Ҳамчунин рӯзномаи мазкур барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»






















1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Панҷакент, Исфара ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Бобоҷон Ғафуров доир мегардад
Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ дар Форуми якуми байналмилалии осорхонаҳои Авруосиё иштирок намуд
Раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид






