Истанбул мизбони Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия мегардад
ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи CVK Park Bosphorus-и шаҳри Истанбул Форуми cайёҳии Тоҷикистон ва Туркияро доир менамояд, иттилоъ доданд дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Интизор меравад, ки дар Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия беш аз 100 ширкати тоҷикию туркӣ ва коршиносону намояндагони вазорату идораҳои соҳаи сайёҳӣ дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ (offline ва online) иштирок намоянд.
Дар ҳошияи форуми сайёҳӣ намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия низ ташкил карда мешавад.
Инчунин тибқи барномаи форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар сиғаи «B2B» ва бо мақомоти дахлдор дар сиғаи «B2G» пешбинӣ шудааст.
АКС : Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






