Истаравшан мизбони Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ мегардад

Март 18, 2022 12:16

ДУШАНБЕ, 18.03.2022/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки  таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи  саноат» 2 апрели соли равон дар шаҳри Истаравшан доир мегардад, беш аз 150 нафар  намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок хоҳанд кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Форуми минтақавӣ бо ташаббуси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор мегардад.

Ҳадафи  Форуми минтақавӣ вусъати ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ мебошад.

Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ  таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи  саноат»  дар шаҳри Истаравшан дар ҳоле баргузор мегардад, ки  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 дар мамлакат «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст, инчунин саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб мешавад.

 

АКС аз бойгонӣ

Март 18, 2022 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид