Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби бинои нави маъмурӣ гардиданд

Март 23, 2022 13:49

ДУШАНБЕ, 23.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки   Абдуҷаббор Азизӣ  — муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Насриддинзода — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дигар шахсони расмӣ ба истифода дода шуд. 

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими баистифодадиҳии бинои мазкур ҳамчунин муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода ва Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, як қатор аъзои фаъоли ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо, волонтёрони ҳизбӣ иштирок доштанд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дорои се ошёна буда, аз шаш утоқи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ бо ғунҷоиши 150 ҷойи нишаст, як толори хурд барои гузаронидани мизҳои мудаввар иборат мебошад.

Чуноне Лола Сулаймонова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ дод, бинои мазкур бо саҳми аъзо, ҷонибдорони ҳизб, соҳибкорон ва фаъолони ҳизбӣ сохта шудааст. Акнун таъмини чунин шароити мусоири фаъолият ба кормандони ҳизбӣ имконият медиҳад, ки аз пештара дида дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ фаъол бошанд ва бо садоқати хосса барои пешрафти ҷомеа хизмати босазое анҷом бидиҳанд. Дар ин маросим фаъолони ҳизбӣ, ки дар сохтмони бинои мазкур саҳми муносиб доштанд бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди биноҳои замонавии маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ин иқдомҳои созандагӣ ба хотири беҳтар намудани кору фаъолияти ҳизбиён дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз роҳандозӣ гардида истодааст.

То имрӯз 23 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо бинои маъмурӣ таъмин гашта, давоми соли равон ноҳияҳои Панҷ ва Данғара низ соҳиби биноҳои маъмурии ҳизбӣ хоҳанд шуд.

 

                                             АКСҲО  аз КИ ХХДТ  дар вилояти Хатлон

Март 23, 2022 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ