Маҳсулоти ҶДММ «Баракат – Исфара» ба Малайзия содирот мешавад
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд содироти маҳсулоти ҶДММ «Баракат – Исфара» ба Малайзия ба роҳ монда мешавад. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муассиси ҶДММ «Баракат – Исфара» Борис Игнатенко ва директори генералии ширкат Дилшод Ҷабборӣ тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти имрӯзаи корхона ва тавсеаи фаъолияти он мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд.
«Мақсад аз эълон шудани панҷсолаи рушди саноат расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар аст. Дар ин росто бояд захираву имконият самаранок истифода гардида, корхонаҳои мавҷуда низ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намоянд», — иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Баракат-Исфара» яке аз корхонаҳои муваффақ буда, дар он 140 нафар кор мекунанд. Корхона ба банду баст ва коркарди мева машғул буда, маҳсулоти он ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Русия содирот мегардад. Маҳсулоти «Баракат-Исфара» дар Чехия, Туркия, Канада низ серхаридор буда, бо соҳибкорони Малайзия низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид ва минбаъд содироти маҳсулот ба ин мамлакат низ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Муассис ва роҳбарияти корхона ҳамзамон маълумот доданд, ки барои бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисон корҳо ҷараён дошта, ояндаи наздик коркарди меваҷоти хушсифат зиёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар корхонаи мазкур маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва банду басти меваҳо ба роҳ монда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






