Моҳбону Накҳатзода, муовини Раиси Бонки миллӣ: «Саҳми бонувони тоҷик дар рушду ташаккули низоми бонкдории Тоҷикистон чашмрас аст»

Март 8, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ«Ховар»/. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва саъю талоши Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии Тоҷикистон шумораи занону духтароне, ки дар низоми бонкии кишвар фаъолият менамоянд беш аз пеш афзоиш меёбад. Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода дар остонаи Рӯзи Модар изҳор дошт, алҳол аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ беш аз 6 ҳазору 400 нафарро бонувон ташкил дода, аз ин омор 467 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Ҳамзамон ӯ ба дигар саволҳои хабарнигори мо посух гуфт, ки онҳоро пешкаши хонандагони АМИТ «Ховар» менамоем:

АМИТ «Ховар»: — Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми занону бонувон дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа,  баланд гардид. Саҳми занону бонувони кишварро дар рушди соҳаи бонкдории мамлакат чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Моҳбону Накҳатзода: — Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо шароит ва имконияти мусоид фароҳам овард, ки занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободии кишварамон фаъолона саҳмгузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким ва боло бурдани мақоми зан-модар дар ҷомеа пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд.Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан-модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад. Бояд таъкид кард, ки дар паёмҳои  Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат аз тарафи Пешвои миллат ба масъалаи нақши занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо дар бунёди давлатдории нави миллӣ баҳои баланд дода мешавад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки нақши занону духтарон дар фаъолияти бонкдории мамлакат имрӯз шоиста арзёбӣ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд пешниҳод менамоянд, ки ҷалби занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар гардонида шавад, то ки дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад.

Мақсади пешниҳод ба хотири он аст, ки аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем.

АМИТ «Ховар»: — Бонки миллии Тоҷикистон барои  баланд бардоштани савияи донишу малакаи бонувоне, ки дар низоми бонкӣ фаъолият доранд, кадом корҳоро анҷом медиҳад?

Моҳбону Накҳатзода: — Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд барои омода намудани мутахассисон ва пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандони роҳбарикунанда, аз он ҷумла занон дар низоми бонкӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар барномаи «Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ» 81 нафар аз 28 давлати дунё иштирок намуданд, ки 5 нафар намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар радифи дигар ҳамтоёни худ аз дигар давлатҳо муддати шаш моҳ, тариқи онлайн-сессия дар Барномаи муштараки Бонки Ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон таҳсил намуда, онро  муваффақона хатм карданд ва соҳиби шаҳодатнома гаштанд.

Дар доираи барнома, иштирокчиён малакаи роҳбарии худро дар самти қабули қарорҳои стратегӣ ва доир намудани гуфтушунидҳо такмил дода, дар раванди омӯзиш роҷеъ ба таҷрибаи пешқадам дар самти тарҳрезии сиёсати гендерии фарогирии молиявӣ, ҷамъоварӣ ва таҳлили омор маълумоти кофӣ ба даст оваранд. Инчунин, тавассути барномаи мазкур иштирокчиён тавонистанд, ки бо усулҳои техникӣ ва стратегии таҳия ва татбиқи сиёсати фарогирии молиявии занон шинос шуда, барои пешбарии бонувон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои худ малака пайдо кунанд.

Бо ҳамовозӣ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон метавон гуфт, ки дар баробари масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ, роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, алалхусус дар самти зиёд намудани шумораи кормандон аз ҳисоби бонувону занон муваззаф гардида, барои афзалият додан ба бонувони соҳибтахассус ҳангоми ба кор қабул намудани кормандон дастур дода шуд.

Баъди таваҷҷуҳи зиёди ҳукумати кишвар ба масъалаи мазкур ва андешидани  тадбирҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон,  таҳлили омории шумораи умумии кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ  нишон медиҳад, ки сафи бонувон дар низоми бонкӣ тамоюли афзоиш дорад.Дар соли 2021 аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ  6 439 нафарро бонувон (ё 37,6 фоиз) ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тамоюли зиёдшавӣ дорад. Аз ҳаҷми умумии бонувони дар низом фаъолияткунанда 467 нафар ба бахши роҳбарикунанда рост меоянд (18,9 фоиз аз шумораи умумии вазифаҳои роҳбарикунанда дар низоми бонкӣ), ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои қаблӣ раванди афзоиш дорад.

Бо вуҷуди нисбат ба соли гузашта зиёд шудани теъдоди бонувон дар низоми бонкии мамлакат, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти зиёд намудани шумораи бонувон дар низом андешидани тадбирҳои заруриро идома медиҳад.

АМИТ «Ховар»: — Кору фаъолият дар низоми бонкдорӣ аз зан-модар кадом  хислату  фазилатҳои наҷибонаи инсониро тақозо мекунад?

Моҳбону Накҳатзода: — Зани тоҷик ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолати бузург раҳнамои рӯзгори бонувони мо мебошад. Имрӯз мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Пешвои муаззами миллат нисбат ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамеша ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром ва дастгирӣ мекунанд.Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон бахше нест, ки дар он занон – модарон фаъолият надошта бошанд. Ҳоло занону модарони мо дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла бахши низоми бонкӣ босамар фаъолият доранд. Бовар дорем, ки занону модарон минбаъд низ бо дарки баланди масъулият дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кӯшиш хоҳанд кард, ки бо азму иродаи қавӣ ва камоли кордонӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

АМИТ «Ховар»: — Барои зан роҳбарӣ дар идораи бонкдорӣ мушкил нест? 

Моҳбону Накҳатзода: — Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани онҳо ба корҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ бо ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти вазорату идора ва ташкилоту муассиса қарор дорад. Бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии занону духтарон метавон гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон занон аз корманди оддӣ то ба вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунанда мақому мартаба доранд, ки аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми бонкии мамлакат гувоҳӣ медиҳад.Боварӣ дорам, ки занону модарони мо дар навбати худ дар ҷодаи амалӣ намудани қарорҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо мегузоранд.

Тавре дар урфият мегӯянд: «Ҳар ҷое кор ҳаст, мушкилӣ ҳаст». Дар баробари ин, бояд сабур буд ва рисолати хешро чӣ дар муҳити хонавода ва чӣ дар ҷои кор бо пуррагӣ бояд анҷом дод. Зан на танҳо офаранда, инчунин қудрати созандагиро дорад. Новобаста аз пеш омадани мушкилоте мо набояд рӯҳафтода шавем, балки талош варзем масъулияти ба зимма доштаамонро бо сифат ва саривақт анҷом диҳем.

АМИТ «Ховар»: — Занону бонувонро дар зиндагӣ натанҳо олиҳаи ҳусну зебоӣ, балки ба ҳайси шахси дар рӯзгор оқилу чашмикордон ва сарфаю сариштакор эътироф намудаанд. Саҳми бонувони тоҷикро дар риояи яке аз қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» чӣ гуна баҳо медиҳед?

Моҳбону Накҳатзода: — Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон таъкид медоранд: — «Фаромӯш набояд кард, ки занону модарони тоҷик аз азал хушрӯзгору сариштакор буданд. Мо набояд бо исрофкорию зиёдаравӣ роҳ диҳем.Мо метавонем маблағҳои сарфашударо барои ободии хонаи худ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, бо сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин кардани онҳо сарф намоем.Мо ба қувваи бузурги занон эътимод дорем ва ба онҳо такя мекунем, ки барои осону сода барпо кардани маъракаҳо саҳми худро гузоранд».

Занони мо имрӯз сарфаю сариштакор, низомбахши рӯзгор, ҳунарманду кадбону буда, дар ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа талош меварзанд.Маҳз барои сарфаю сариштакорӣ дар оила фарҳанги оиладорӣ зан-модар нақши муассир дорад ва фарҳанги молиявӣ яке аз омилҳои пешравии оила мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ, махсусан маърифати молиявии бонувон, наврасон  дар дастгирӣ бо шарикони рушд мунтазам барномаҳои ҷолиби омӯзишӣ таҳия менамояд. Азхудкунии саводнокии молиявӣ ба занон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, ки онҳо даромаду хароҷоти оиларо ба нақша гирифта, роҳҳои мусоиди афзун кардани даромадро дарёфт намоянд, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки ба кам кардани хароҷоти беҳудаю бемаврид ва афзун шудани буҷаи оила ва ба ин васила боло бурдани фарҳанги пасандозкунӣ равона шудааст, риоя намоянд.

Баланд бардоштани дараҷаи дониши молиявӣ-калиди беҳбудии иқтисодиёти аҳолӣ ба шумор рафта, ҷоришавии амалиётҳои нав ба нави технологию молиявӣ, мо — занҳоро водор месозад, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз донишу малакаи касбӣ барои рушду нумӯи кишварамон саҳми арзанда гузорем. Маҳз сатҳи баланди маърифати молиявӣ шарти муҳимтарини рушди устувори кишвар мебошад, ки некӯаҳолии ҳар як шаҳрванд аз он вобаста аст.

Ҳамаи ин иқдомҳо дар доираи амалишавии пурра ва босамари «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ҷиҳати баланд бардошани маърифати молиявии аҳолӣ таҳия шудааст, татбиқ шуда барои бонувон ҳамчун василаи татбиқи донишҳои андӯхта ва саҳмгузорӣ дар самти рушду нумӯи мамлакат хизмат мекунанд.

АМИТ «Ховар»: — Ба дунё овардан,  тарбия ва ба камол расонидани фарзандон рисолати азалии занон аст. Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулияти волидайнро, аз ҷумла модаронро дар самти ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани фарзандон, хусусан таълиму тарбияи онҳо баланд намуд. Нигоҳи Шумо ба ин масъала?

Моҳбону Накҳатзода: — Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷомеаи устувор ва ҳаматарафа рушдёфтаро орзу намоем.

Ҳар ҷое, ки зан фаъолият дорад, он ҷой обод буда, меҳру самимият ва муносибати неку инсонгароёна пойдору устувор аст.Бовар дорам, ки бонувони мо минбаъд низ рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва тақвияти он баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа кӯшиш мекунанд.

Тарбия ва ба камол расонидани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила ва тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад.Қабули қонуни мазкур на танҳо зан-модар, балки ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон, бахусус дар шароити пуртазоди муосир масъулияти бештарро эҳсос намоем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки занону модарони иззатманд ва хоҳарону духтарони азизи мо ин рисолати азаливу таърихиро садсолаҳои дигар бо сарбаландӣ адо хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»: — Таманнои Шумо ба модарони тоҷик?

Моҳбону Накҳатзода: — Имрӯз  зарур аст, ки занони мо ҳамқадами ҳаёт ва замон бошанд. Аз навигариҳои олам ва кашфиётҳои нави илму техника бехабар намонанд. Дар баробари забони модарӣ барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба хусус забонҳои англисӣ ва русӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Лозим меояд, ки занону духтарони мо ҳуқуқи конститутсионии худро донанд ва барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ саъю кӯшиш намуда, арзишҳои аслию асили маънавию миллӣ ва фарҳангии худро пос доранд ва ба онҳо эҳтиром гузоранд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек тамоми модарону хоҳаронро бо Рӯзи Модар — иди баҳору шукуфоӣ, хуррамӣ ва нишот таҳният гуфта, орзуманди онам, ки ҳамеша тансиҳат бошанду  баҳори шукуфарез барои бонувони мо ва аҳли хонаводаашон рӯзҳои сабзу хуррам, саодатмандии бепоён ва тавфиқи пайваста ато намуда, ба зиндагиву фаъолияташон сафову зиё ва нусрат ҳадя оварад.

Рӯзи Модар муборак бошад!

 

Мусоҳиб
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 8, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.2296 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6766 то 10.7100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид