Намояндагони Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Анқараи Туркия иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар ноҳияи Кечиорени шаҳри Анқара ҷашни Наврӯзи бостонӣ таҷлил гардид, ки дар он намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, шаҳрвандон ва донишҷуёни тоҷики муқими ин мамлакат иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижаи МАҚСУД.
Чорабинӣ дар ҳамбастагӣ ба кишварҳои «Ҳавзаи Наврӯз» доир гардида, дар он намояндагони 11 давлат, аз ҷумла Тоҷтктистон, Туркия, Қирғизистон, Македония, Озарбойҷон, Афғонистон, Косово, Молдова, Қазоқистон, Узбекистон ва ғайра ширкат варзиданд.
Ҳунармандони кишварҳои мазбур бо рақсу сурудҳои миллии худ намоишҳои ҷолиб пешкаши иштирокчиён намуданд.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ раисони шаҳру ноҳияҳои Туркия, намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, ҳайати дипломатии муқими Анқара, доираи васеи васоити ахбори омма, намояндагони илму фарҳанг ва аҳли зиёи кишвари иқомат ва кишварҳои иштирокчӣ иштирок доштанд.
Дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз Раиси ноҳияи Кечиорен Тургут Алтинок ва сафирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз суханронӣ намуданд. Намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Парвиз Содиқӣ зимни суханронии худ ҳозиринро бо иди бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, аз мақоми муҳими Тоҷикистон дар раванди барқарории Наврӯз ва табдили он ба ҷашни байналмилалӣ ёдовар шуд.
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар ин чорабинии бошукӯҳ суфраи Наврӯзӣ бо хурокҳои миллӣ, маҳсулоти анъанавию фарҳангӣ бманзури тамошобинон гардонида шуд.
Инчунин либосҳои миллии кишвар, сангҳои қимматбаҳо, асбобҳои анъанавӣ, китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ки раисони шаҳру ноҳияҳои кишвари иқомат бо сафирон ва намояндагони кишварҳои «Ҳавзаи Наврӯз» аз суфраи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда, аз хӯрокҳои боллазати кишвар чашиданд.
Ҷашни Наврӯзи бостонӣ бо баргузории саҳнаҳои шеърхонӣ, барномаи консертӣ, намоиши маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ, сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулотҳои тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва хӯрокҳои миллӣ руҳияи ҳозиринро шод гардонид.
Дар фарҷоми чорабинӣ оши палави миллӣ ба тамоми иштирокчиён тақсим карда шуд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






