«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛИ ИМРӮЗУ ФАРДО». Дар Маҷлиси намояндагон таҳти ин унвон конференсияи илмию-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 19 март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон конференсияи илмию-амалӣ оид ба мавзӯи «Наврӯз — пайвандгари насли имрӯзу фардо» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетики, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
«Боиси ифтихору сарфарозист, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола моҳи март фарорасии соли нави аҷдодиамон — Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад», — тазаккур дод ӯ.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо беш аз шаш ҳазор сол бо рангу рўйи тоза ва накҳати накҳатбораш зуҳур кардааст.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷаҳонишавии Наврӯз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ павастааст, ки воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудани ин сунати аҷдодиро барқарор намуд.

Тавре зикр гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом дода истодааст.
Бахусус дар моњи нахустини фасли баҳори муаттару тозапайкар дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз ва дар ростову остонаи ин санаҳои муқаддаси фарҳанги миллӣ вусъат додани корҳои ободонӣ, шинонидани дарахту бунёди боғҳо аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.
«Дар ин раванд, бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ҷиьати ободии Тољикистони азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намояд, ки диёри аљдодию соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва нерӯманду пешрафта гардад», — гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҳамчунин Раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода, вакилони мардумӣ Гавҳар Шарофзода, Шариф Ҳакимзода, Абдуҳалим Ғаффорзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба таърих ва аҳамияти ҷашни Наврӯзӣ байналмилалӣ ахбороти муфассал доданд.
АКСҲО: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






