Наврӯз-ситоишгари зиндагию рӯшноӣ ва накӯкорӣ. Дар шаҳри Роғун тантанаҳои наврӯзӣ оғоз ёфтанд
РОҒУН, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Коллеҷи муҳандисию техникии шаҳри Роғун бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ин иди хуҷастапай дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ ва дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ, суннатҳои наврӯзӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ дод сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Шоира Раҷабалиева ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар маҳфили идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун Суннатулло Саидзода дар якҷоягӣ бо роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз намоиши дастовардҳои Коллеҷи муҳандисию техникӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуда, иброз дошт, ки «ҷашни Наврӯз аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагӣ, ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Наврӯз маҷмӯае аз андӯхтаҳои хирадмандонаи халқу миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накӯкорӣ, сулҳу созандагиро ситоиш мекунад ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад.
Мояи сарбаландист, ки мо имрӯз ин ҷашни таърихиро дар замони рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, афзун намудани дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил менамоем. Аз ин рӯ ҳар фарди бонангу номуси мамлакатро зарур аст бо неруи дучанд барои ободонии Ватан саъю талош намояд».
Ёдовар мешавем, ки дар тамоми ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун ва ташкилоту муассисаҳо тантанаҳои наврӯзӣ аз 10 март оғоз ёфта, бо навбат баргузор мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






