ОБУ ҲАВО: 15-18 март дар Тоҷикистон ноустувории вазъи ҳаво боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15-18 март дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, боришот дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ асосан дар намуди борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар намуди борон ва барф дар назар аст. Рӯзҳои 15 ва 18 март дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд, Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) борон пуршиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд қисман абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти борон ва шабона барфи тар, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, борон дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат ва пуршиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти борон ва шабона барфи тар, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат борида, раъду барқ ба амал омада, бридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунк то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






