ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Март 19, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ боридани борон  ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф дар назар аст. 19-20 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии  навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва водигии вилояти Хатлон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Варзоб ва Айнӣ-Панҷикент хавфи сар задани зуҳуроти селӣ боқӣ мемонад. 19-21 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ, шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва ХоруғҶелондӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барфи тар дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳо зиёда аз 2000м борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борони бошидат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 2+7  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд