ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд






