ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва шабона барфи тар дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 дараҷа гарм, рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






