ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук, (дар мавзеи Булункӯл то 36-38 дараҷа хунук), рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши сусти барф ба амал омада, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






