Пагоҳ дар Амфитеатри Кӯлоб бахшида ба ҷашни Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 22.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 март дар Амфитеатри шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барномаи фарҳангӣ доир мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар ин барномаҳои фарҳангӣ устодони санъати тоҷик, аз ҷумла Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Ҷовидони Нозим, Амриддин Кабирӣ, Соҳиба Давлатшоева, ва ҳунармандони шинохта Маҳмадалӣ Аюбӣ, Хиробон Қурбонова, Нишонаи Рустам, Ҳасаншои Бадахшонӣ ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мардум фарорасии Наврӯзи байналмилалиро бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифта истодаанд. Аз ҷумла дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба ин муносибат сайру гашти оммавии сокинон ба мушоҳида мерасад. Имрӯз сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ базми боҳашамати наврӯзӣ оростанд.
Хотиррасон менамоем, ки 23 март сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 24 март сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Боғи Куруши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил менамоянд. Дар ин базмҳои наврӯзӣ аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор намуда истодаанд.
Акс: манбаҳои озод








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






