Парлумони Арманистон Ваагн Хачатрянро президент нави ин кишвар интихоб кард

Март 3, 2022 16:41

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парлумони Арманистон вазири саноати технологияҳои баланд Ваагн Хачатрянро президенти ин кишвар интихоб кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Арменпресс» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз, 3 март, раиси комиссияи ҳисоби мақомоти қонунгузор Нарек Бабаян иттилоъ дод.

Хачатрян ягона довталаби ин мансаб буда, номзадии ӯ аз ҷониби ҳизби ҳокими «Гражданский договор» пешбарӣ гардид. Дар даври аввал ба тарафдории ӯ ҳамагӣ 69 вакил овоз дод.

«71 вакил ба тарафдории Хачатрян овоз доданд (барои интихоб дар даври дуюм 65 нафар лозим аст – тавзеҳ). Фраксияҳои мухолифи «Армения» ва «Честь имею» интихоботро бойкот карданд.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян Ваагн Хачатурянро бо интихоб шуданаш ба мақоми президент табрик гуфт.

 

АКС: «Арменпресс»

Март 3, 2022 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид