Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон шодравон Ҳайдар Алиев ва гулгашти шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузоштанд
ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ифодаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мардуми дӯсти Озарбойҷон ба оромгоҳи Роҳбари умумимиллии ин кишвар шодравон Ҳайдар Алиев ва гулгашти шаҳидони Озарбойҷон ташриф оварданд.
Рустами Эмомалӣ дар назди ин ду зиёратгоҳи муътабари Ҷумҳурии Озарбойҷон гулчанбар гузошта, бо эҳтиром рӯҳи гузаштагону шаҳидонро пос доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми парламенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳӣ карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»/Тоҳир САИД





















Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






