Рамазон Раҳимзода ва Абдулраҳмон Ал-Решайдон мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаро баррасӣ намуданд

Март 15, 2022 15:48

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 март вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулраҳмон Ал-Решайдон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Сафири навтаъйини Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулраҳмон Ал-Решайдонро барои таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрик намуда, барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ кард.

Абдулраҳмон Ал-Решайдон зикр кард, ки Арабистони Саудӣ кӯшиш менамояд, ки ҳамкории гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар шавад, зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда,  риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

Дар вохӯрӣ ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

 

АКС: ВКД ҶТ

Март 15, 2022 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд